ЁДЕ АЗ АБӮҲАНИФА

Май 21, 2009 16:40

                       Душанбе, 21 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи бузургдошти Соли Имоми Аъзам 21 май дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор конфронси илмӣ-адабӣ баргузор шуд.                         Иштирокдорони он доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёту фаъолият ва таълимоти барҷастаи асосгузори мазҳаби ҳанафӣ — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам сухан карда, таълимоти мазҳабии ин шахсияти бузурги олами исломро дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин муҳим арзёбӣ карданд.                        Назар ба иттилои мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев, чунин чорабиниҳои илмию маърифатӣ дар робита ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар тамоми ҷамоати деҳоти ноҳия гузаронида шуд. Инчунин, дар деҳкадаи Тӯда алҳол сохтмони Маркази фарҳангии ба номи «Имоми Аъзам» бо суръат идома дорад, ки ба истифода додани он дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.

Май 21, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд