ЗАНГИ ОХИРИ МАКТАБИЁН

Май 26, 2009 10:32

                         Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 26 май.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Занги охирин дар тамоми мактабҳои вилоят бо шаъну шукӯҳ ва дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Аз ҷумла, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №80 идона оро дода шуда, хонандагони синфҳои 1-11 бо ҳам вохӯрда эстафетаи талабагиро аз хонандагони синфи 11 қабул карданд. Тантанаи занги камолот дар давоми 60 дақиқа бесарфу хароҷотҳои беҳуда ва бо табрики директори мактаб Рафиқҷон Холбоев оғоз гардида, бо миннатдории хонандагони беҳтарини синфхои 11 Шамсия Ҳомидова, Мақсудаи Ализода, Таҳмина Мадаминова, Санавбар Исматова ба поён расид. Барои хонандагону муаллимони ин мактаб имсол соли хотирмон буд, зеро бинои нави иборат аз 33 синфхона барои 874 нафар хонандагон ба истифода дода шуд. Хонандагон ба пуррагӣ аз вагонхонахонаҳо ба синфхона кӯчиданд. Имсол бо кӯмаки мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров ва волидони саховатманд гирду атрофи ин мактаб девор карда мешавад.                          Имсол хонандаи синфи 11-ум Фаридуни Ғаффорзод дар вилоят беҳтарин ровӣ ҳисобида шуд. Хонандаи синфи 11-ум Шамсия Ҳомидова дар озмуни «Луғатдони беҳтарин» ғолиб баромад. Ба хонандагони синфҳои беҳтарин раҳматномаҳо тақдим гардид.

Май 26, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид