ЗАРАРИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ТЕМУРМАЛИК

Май 19, 2009 12:45

                     Темурмалик, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асоси иттилои сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Темурмалик Неъмат Ҷалматов дар ноҳия дар натиҷаи боришоти пай дар пай якчанд иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ёрирасон, инчунин хонаҳои истиқоматӣ зарари ҷиддӣ диданд. Ба гуфти Н.Ҷалматов 1200 метр иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Совет, Танобчӣ, Ҷайралӣ, Қарақамиш, Бобо Юнус хароб гардида, маблағи зарар 1 млн. 150 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Инчунин ба 50 иншоотҳои ёрирасон ва участкаҳои наздиҳавлигии хонаҳои истиқоматӣ зарари ҷиддӣ расидааст. Ҳукумат ва идораи суғуртаи давлатии ноҳия барои ёрӣ расонидан ба хоҷагиҳои зарардида чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Май 19, 2009 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад