ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР БОИСИ НИГАРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АСТ
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агар соли 2008 аз тарафи сарҳадбонон ҳамагӣ 1350 кг маводи мухаддир аз қочоқчиён мусодира карда шуда бошад, аз ҷониби дигар қувваҳои қудратии кишвар беш аз 8 тонна маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира намуданд,- иброз дошт Президенти кишвар рӯзи ҷашни 15- солагии таъсисёбии қувваҳои сарҳадии ҷумҳурӣ. Дар давоми солҳои 2004 — 2009 485 нафар кормандони низомӣ ва беш аз 4 ҳазору 70 нафар хизматчиёни ҳарбӣ даст ба ҷиноятҳои гуногун задаанд, ки ин боиси нигаронист. Ба ҳама ин норасоиҳо нигоҳ накарда, қӯшунҳои сарҳадӣ дар роҳи таъмини амнияти давлат, оромии марзу буми кишвар ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият саҳми босазо доранд. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавон, ки марзбонони кишвар аз ӯҳдаи ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ ба пуррагӣ баромада метавонанд,-афзуд Президент дар ҷашни сарҳадбонон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






