ҚОИДАВАЙРОНКУНАНДАГОН ҶАЗОИ МАЪМУРӢ ГИРИФТАНД

Июнь 4, 2009 10:23

                 Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба чашм чунин мерасад, ки ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз рӯи қоидаанд, вале чорабиниҳое, ки аз тарафи Раёсати корҳои дохилии шахри Душанбе гузаронида шуд, фикри моро ботил сохт,- иброз намуданд ронандагони микроавтобусҳое, ки ба соҳибкорӣ машғуланд.                 Бино ба гуфти сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ф.Г. Саидов, ҳангоми гузаронидани як чорабинӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 71 «Автозаправка» ва 8 нуқтаи фурӯши сӯзишвории иҷозатнома надошта муайян карда шуд. Ҳамаи онҳо ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. Нисбати 51 нафари онҳо протоколи қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1760 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Вобаста ба 16 нафар ронандагони мошинҳои сӯзишворифурӯшӣ протоколи қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуданд.                 Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар марказ ба нақшаи кории Раёсати корҳои дохилии шаҳриДушанбе ворид карда шудааст.

Июнь 4, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд