ҚУРБИ БОНКИИ ДОЛЛАР БОЗ КАМЕ ПОЁН РАФТ

Июнь 19, 2009 09:54

                 Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзи 18 июни соли ҷорӣ дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ аксарияти амалиёт бо қурби аз 4,40 то 4,43 сомонӣ барои 1 доллари ИМА сурат гирифт, ки нисбат ба 17 июн паст мебошад. Аз ин рӯ, қурби расмии доллари ИМА 4,4006 сомонӣ муқаррар карда шуд.                Аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе чун рӯзи гузашта тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,43 — 4,45 сомониро ташкил дод. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 1,45 ва 6,16 сомонӣ баробар шуд.

Июнь 19, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд