ҚУРБИ РУБЛИ РУСӢ ВА ЕВРО ПОЁН РАФТ

Июнь 12, 2009 09:41

                  Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми рӯзи 11 июн қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монда, чун рӯзи гузашта ба ҳисоби миёна 4,43 — 4,45 сомониро барои 1 доллари ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст гардида, мутаносибан ба 1,41 — 1,43 сомонӣ ва 6,07 — 6,12 сомонӣ баробар шуданд.                 Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, каме афзуда, дар ҳудуди 4,42 — 4,43 сомонӣ қарор гирифт. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро мутаносибан 1,47 сомонӣ ва 5,9861 сомониро ташкил дод.

Июнь 12, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд