ҲАЙАТИ ШВЕЙСАРИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Июнь 20, 2009 11:04

                 Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Ҳайати Раёсати рушду ҳамкории Швейсария таҳти роҳбарии муовини сардори шӯъбаи мамлакатҳои Аврупо ва ИДМ Хуберт Айзел ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Аъзои ҳайат ба шаҳру ноҳияҳои водии Фарғона сафар карда, бо барномаҳои минтақавии марбут ба истифодаи об шинос хоҳад гашт. Ҳайати Швейсария дар Тоҷикистон бо ҷараёни иҷрои барномаҳои идора, ислоҳоти судӣ ва вазъияти соҳаи тандурустӣ шинос мегардад.                 Ҳадафи асосии сафари ҳайати Швейсария шиносоӣ бо вазъияти минтақа мебошад. Аъзои ҳайат зимни сафар бо мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, директори Маркази таълимии кормандони соҳаи суд Қаноат Ҳамидова, роҳбарони намояндагиҳои мамлакатҳои мададгор дар Тоҷикистон ва ғайра мулоқот хоҳанд кард.                 Ҳайати Швейсария дар ҷараёни сафар бо роҳбарон ва ҳамоҳангсозони барномаҳои намояндагиҳои рушду ҳамкории ин мамлакат дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барои муайян намудани барномаҳои муҳимтарин мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Июнь 20, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд