ҲАВОПАЙМОҲОИ ШИРКАТИ ҲАВОИИ ЛАТВИЯ БА ДУШАНБЕ ПАРВОЗ МЕКУНАНД

Июнь 1, 2009 11:06

                         Рига, 1 июн. (АМИТ «Ховар»- The Baltik Course)- Хавопаймоҳои ширкати миллии ҳавопаймоии Латвия — «Аӣрбалтик» аз 1 июни соли равон сар карда, аз шаҳри Рига ба пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе парвоз мекунанд.                          Дар ин бора муовини роҳбари ширкати ҳавопаймоии Латвия Янис Ванагс хабар дод. Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии Латвия ягона ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ҳавопаймоҳои он ба Душанбе парвоз хоҳанд кард.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳавопаймоҳои мусофирбар аз Рига ба Душанбе дар давоми ҳафта 2 рӯз- рӯзҳои душанбе ва ҷумъа парвоз мекунанд. Барои ин ҳавопаймоҳои навъи «Боинг» истифода бурда мешаванд. Ҳавопаймоҳо дар байни Рига ва Душанбе 5 соату 30 дақиқа парвоз мекунанд. Нархи чиптаи онҳо ба як тараф аз 139 лат (1 лат= 1,9855 доллари ИМА) оѓоз меёбад.                          Ширкати ҳавопаймоии Латвия соли 1995 ташкил ёфта буд ва айни ҳол 29 ҳавопаймои мусофирбар дорад.

Июнь 1, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд