ҲИСОБКУНАК БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Июнь 16, 2009 15:59

                        Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бо дастури раиси ширкати «Барқи тоҷик» корхонаи муштараки «Барқ — Кымган» тасмим гирифтааст, ки ба зарардидагон аз офати табиӣ 500 адад ҳисобкунакҳои индуксионии аз сертификатсия гузашта фиристонад.                        Тавре ба АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуот Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, ҳисобкунакҳо бепул буда, онҳоро корхонаи барқи минтақа дар хонаҳои навбунёд васл менамоянд.                          Корхонаи муштараки «Барқ — Кымган» имрўзҳо ҳисобкунакҳои пеш дар истифода бударо таъмиру тармим намуда, аз сертификатсия гузаронида, барои истифода мувофиқ менамояд. Ин саҳми калонест бобати дуруст ба роҳ мондани ҳисобу китоби барқ ва кам намудани талафоти нерў.  

Июнь 16, 2009 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд