ҲИСОБОТИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ХОРЕОГРАФӢ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июн дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова барномаи ҳисоботи эҷодии хонандагон ва донишҷўёни коллеҷ баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳисоботи хонандагон ва донишҷўён ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бахшида шудааст. Дар барномаи консертии он 21 номераи рақсӣ, аз ҷумла, рақси «Шаҳзода», «Вальс», «Мурғи суман», «Ҷавонӣ», «Гардамс», «Дон Кихот» ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин, бо дастгирии вазорат аз 2 то 5 июн намоишномаҳои дипломии шўъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд. Хатмкунандагон намоишномаҳои «Айбнома», «Зебунисо», «Хўса» ва «Афсона боз афсона…» -ро пешкаши тамошобинон мегардонанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






