ҲОДИСАИ МУДҲИШ ДАР ВАҲДАТ

Июнь 5, 2009 15:23

                 Душанбе, 5 июн. (НИАТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 4 июн дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромити ноҳияи Ваҳдат автомашинаи тамғаи «Нива ба дарёи Кофарниҳон афтид. Дар дохили автомашинаи мазкур ду нафар мусофир буд. Ронанда Сайфиддин Сафаров автомашинаро бо мусофирон С. Қодироваи 37 сола ва духтари яксолааш М. Хоҷаева дар нишебӣ гузошта чанд метр дур рафт. Дар ҳамин ҳолат тормози автомашина аз кор баромада он ба дарё афтид.                  Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон даъват карда шуданд, то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшудагон машғул идома дорад.

Июнь 5, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд