ҲУДУДҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД» ВА «ПАНҶ» МУАЙЯ

Июнь 22, 2009 16:11

                   Душанбе, 22 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва маҳал», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз масъалаҳое буданд, ки 22 июн дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардиданд.                  Дар ҷаласа ҳамчунин, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишномаи қарзи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Хитой ва оид ба сарҳадҳои ҳудудии Минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» муҳокима гардиданд.                Зимни баррасии масъалаҳо, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зикр карданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонунҳои мазкур ин мувофиқ намудани номи шаҳраку деҳот ба меъёрҳои забони тоҷикӣ, баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, тақвият бахшидани фаъолияти Гвардияи миллӣ, мутобиқ намудани роҳҳои кишвар ба меъёрҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, густариши робитаҳои Тоҷикистон бо Латвия ва Бонки содироту воридоти Чин ва муайян намудани ҳудудҳои сарҳадии Минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ» мебошад.

Июнь 22, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид