ҲУКУМАТ НИСБАТ БА БОЛОРАВИИ НАРХҲО ЧОРА МЕАНДЕШАД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо назардошти болоравии қурби номиналии асъор ва бо мақсади омӯзиши ташаккулёбии нархҳои фурӯши маҳсулоти аввалиндараҷаи истеъмолӣ, бахусус орд, гандум, шакар ва маводи сӯхт — бензину сӯзишвории дизелӣ, мутобиқи моддаи 14 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисоротӣ дар бозорҳои мол» аз 1 июн фармоиши махсус ба тасвиб расонид. Мудири котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Анвар Латифов ҳадафи фармоиши мазкурро шарҳ дода, тазаккур дод, ки тибқи ин фармоиш аз ҳисоби мутахассисони вазорат гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки он дар давоми моҳи июн мониторинги маҳсулоти зикршударо дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида, аз натиҷаҳои он оид ба сабабҳои болоравии беасоси нарҳҳо хулосаҳояшро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамоянд. Аз рӯи натиҷаҳои хулосаи гурӯҳи кории вазорат нисбат ба болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ Ҳукумат чораҳои мушаххас меандешад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






