ҲУНАРПЕШАГОНИ ТОҶИК БА СВЕРДЛОВСК МЕРАВАНД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Гурӯҳи калони ҳунарпешагони Тоҷикистон 12 июн барои иштирок дар ҷашнвораи ҳунарии мамлакатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Екатеринбург меравад. Онҳо дар консерти калон ширкат меварзанд, ки ба муносибати мулоқоти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ин ҷо баргузор хоҳад гашт. Директори генералии Ширкати эҷодии «Илҳом» Набӣ Ҷалолов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба ин ҷашнвора ҳунарпешагони машҳур ва гурӯҳҳои ҳунарӣ фиристода мешаванд. Вай зикр намуд, ки ҳунарпешагони маъруф ва овозхонони варзида Таҳмина Ниёзова, Бахтиёр Иброҳимов, Дилором Қурбонова ва Парда Қосимов дар ин ҷашнвора иштирок хоҳанд кард. Барномаи ҷашнвора инчунин ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии «Лола»-ро дар бар мегирад. Гурӯҳи мазкур барои ин ҷашнвора барномаи махсус таҳия намудааст. 16 июн ҳунарпешагон барои тоҷикони сокини шаҳри Екатеринбург консерт намоиш хоҳад дод. Онҳо баъдан ба сафари эҷодии шаҳрҳои вилояти Свердловск мераванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






