5 НАФАР БА АСАРИ ТАРКИШУ СӮХТОР ЗАРАР ДИДАНД

Июнь 1, 2009 16:24

                           Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 31 май тақрибан сотаи 20: 57 дақиқа дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар хонаи истиқоматии Дӯстматов Алишер дар натиҷаи таркиши балони газ сӯхтор дар масоҳати 27 метри мураббаъ ба амал омад. Дар натиҷа аъзоёни ин оила Дӯстматова Дилафрӯз, Инохонов Илёз, Дӯстматова Маҳмиё, Абдуллоев Бахтиёр ва Абдуллоева Ситора ҷароҳати сӯхтагии дараҷаи дуюм ва сеюм гирифтанд. Ба ҷои ҳодиса ба таври фаврӣ кормандони оташнишонӣ, гурӯҳи фаврии ШКД, прокуратура, кормандони хадамоти газтаъминкунӣ ва ёрии таъҷилии ноҳия ҳозир шуданд. Сабабҳои рух додани сӯхторро коршиносон аз тарзи нодуруст истифода бурдани қоидаҳои бехатарии таҷҳизоти газиро маънидод карданд. Хисороти сӯхтор 6 ҳазор сомониро ташкил дод.                          Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати давлатии хадамоти оташнишонии ВКД-и кишвар хабар доданд, ҳамаи шахсони зарардидагон дар беморхона табобат гирифта истодаанд.

Июнь 1, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд