70 НАФАР ҶАВОНОНИ ТОҶИК БАРОИ КОР БА ФР МЕРАВАНД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз маросими равон намудани 70 нафар ҷавонони тоҷик барои кор ба Ширкати аграрии «Бунятина»-и вилояти Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чанде пеш бо роҳбарияти Ширкати аграрии «Бунятина»-и вилояти Москваи Федератсияи Русия як қатор шартномаҳои ҳамкори ба имзо расиданд. Мавриди зикр аст, ки ҷониби даъваткунанда даъватшавандагонро бо чиптаҳои ройгон, ҷойи зист ва маоши аз 12 то 18 ҳазор рубли русӣ таъмин менамояд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






