А. РАҲНАМО: «МУНОСИБАТҲОИ ДУ КИШВАРИ ФОРСИЗАБОН ДАР ЗИНАИ БУНЁДИСТ»

Июнь 5, 2009 16:15

                Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 260 нафар донишҷӯ ва аспирантҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил ва фаъолият менамоянд, ки далели тақвияти ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвари форсизабон аст, гуфт зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ 5 июн дар Душанбе ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов.                 Конфронси мазкур таҳти унвони «Тоҷикистон ва Эрон дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ» бо ибтикори Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сиёсатшиносон, коршиносони масоили сиёсию иқтисодӣ, олимону донишмандон ва донишҷӯёни ДМТ ширкат доштанд.                 Зикр шуд, ки робитаҳои ҳасанаи ду кишвар, ки дорои умумиятҳои таърихию фарҳангӣ мебошад, сол аз сол густариш меёбад. Ин раванди ҳамкорӣ аз иродаи сиёсии Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод шаҳодат медиҳад.                Ба андешаи Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, дар тӯли 18 соле, ки робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар сатҳи баланд карор дорад, 180 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд, ки қисме аз онҳо алҳол амалӣ нагардидааст. Дипломати эронӣ сохтмони иншооти бузурги стратегии нақби «Истиқлол», НБО «Сангтӯда -2» ва дигар барномаҳои инвеститсионии Эронро дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ намуд. Вай гуфт, ки Эрон дар мавриди сохтмон ва ба истифода додани НБО «Сангтӯда- 2» аз паи ба даст овардани манфиати иқтисодӣ нест. Балки ҳадафаш пешрафти Тоҷикистон аст.                  Дар конфронс олимону коршиносон Икромиддин Неъматов, Ниёз Мирзоев, Рашид Ғанӣ Абдулло, Абдуллоҳи Раҳнамо, Афзалӣ Саидҷаъфаров ва дигарон доир ба самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар замони муосир, рушди миллии Тоҷикистон ва эътилофи кишварҳои форсизабон, ҳамкории ду кишвар дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъи геополитикии минтақа ибрози назар карда, роҳҳои рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун пешниҳод сохтанд. Зикр шуд, ки муносибатҳои ду кишвар марҳилаҳои эҳсосотӣ ва гузаришро паси сар карда, алҳол дар зинаи бунёдӣ қарор дорад.                Ҳамчунин, муносибатҳои ду кишвар дар миқёси минтақа ва сатҳи байналмилалӣ дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Июнь 5, 2009 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад