АФЗОИШИ ТАЛАБОТ БА РУБЛИ РУСИЯ
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз оғози рӯзи 4 июни соли равон нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи эълонномаҳо ба ҳисоби миёнаи қурби 4,43 — 4,45 сомонӣ барои 1 доллари ИМА шурӯъ намуданд. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бошад, қурби асъори хориҷӣ нисбат ба рӯзи гузашта бетағйир монд.Ёдовар мешавем, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 3 июн қурби асъори хориҷӣ ба ҳисоби миёна дар шаҳри Хуҷанд — 4,43 сомонӣ, дар шаҳри Қурғонтеппа — 4,40 сомонӣ, дар шаҳри Кӯлоб — 4,30 сомонӣ ва дар шаҳри Хоруғ — 4,33 сомониро барои 1 доллари ИМА ташкил дод. Рӯзҳои охир дар амалиётҳои додугирифти асъори хориҷӣ бештар афзудани талабот ба рубли Федератсияи Русия мушоҳида мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






