АНҶУМАНИ ДУЮМИ ДУХТУРОНИ ДАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 1, 2009 15:35

                           Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзҳои 8 ва 9 июн дар Кохи Ваҳдат анҷумани дуюми духтурони дандони Тоҷикистон баргузор мегардад.Бахшида ба анҷуман дар даромадгоҳи Кохи Ваҳдат намоишгоҳи байналмиллалии махсусгардондашудаи дастовардҳои соҳаи табобати бемориҳои дандону даҳон ташкил карда мешавад. Дар он корхонаҳои маҳаллию хориҷӣ ширкат меварзанд.                             Дар ҷараёни анҷуман чор маҳфили такмили маҳорат бахшида ба барқарор сохтани дандонҳо, истифодаи фулузот ва сафол барои сохтани дандонҳои сунъӣ, роҳу усулҳои самарабахши табобати дандонҳо, иваз кардани онҳо ва ғайра гузаронида мешавад.  Ин маҳфилҳо таҳти роҳбарии мутахассисони мамлакатҳои хориҷӣ баргузор мегарданд.Анҷуман бо кӯмаки Ҷамъияти духтурони дандони мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.                             Дар он бештар аз 500 вакил, инчунин олимону мутахассисон аз Италия, Олмон, Лаҳистон, Украина, Русия ва мамлкатҳои дигари ИДМ иштирок хоҳанд кард.

Июнь 1, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд