АНҶУМАНИ II СТОМАТОЛОГОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 8 июни соли ҷорӣ дар «Кохи Ваҳдат» анҷумани II стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии «Стоматология», ширкатҳои бузурги стоматологӣ ташкил шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори анҷуман зиёда аз 500 нафар меҳмонону иштирокчиён, аз ҷумла мутахассисони варзидаи соҳа аз давлатҳои хориҷӣ ба монанди Италия, Полша, Олмон, Украина, Русия ва ИДМ ширкат варзиданд. Дар доираи Анҷуман ширкатҳои бузурги стоматологӣ маҳсулот ва техникаи худро дар Намоишгоҳи байналмиллалии соҳавии стоматологӣ муаррифӣ менамоянд. Ҳадаф аз гузаронидани Анҷуман муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи стоматология, ба монанди гузаронидани мастер-классҳо оиди услубҳои ҳозиразамони эндодонтия, эҳёкунӣ бо истифода аз маводи композитҳо, таҷрибаомӯзӣ барои устоҳои дандон оиди металлокерамика, услубҳои ҷарроҳӣ барои кӯдакони навзод ва то 2 солаи гирифтори нуқсҳои лаб ва ком мебошад. Инчунин гузаронидани симпозиум бахшида ба проблемаи сафедкунии дандонҳо дар назар аст. Дар кори Анҷуман муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзам Мирзоев, мудири шўъбаи тандурустӣ, занон ва оилаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева иштирок ва баромад намуданд. Анҷуман имрӯз, 9 июн кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






