АНСАМБЛИ «МАВРИГИ»-И БУХОРО ДАР ТОҶИКИСТОН

Июнь 23, 2009 08:39

                  Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ консерти ансамбли ҳунарии фолклорию этнографии «Мавриги»-и шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор мегардад.                   Барномаҳои консертӣ 30-юми июни соли равон дар шаҳри Душанбе, ва аз 1-ум то 5-уми июл дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Варзобу Ҳисор ва шаҳрҳои Қурғонтеппа, Хуҷанд ва Исфара доир мегарданд. Ансамбли мазкур дар барномаҳои ҳунарии худ бештар суруду оҳангҳои қадимии Мавригии халқи тоҷикро тараннум мекунад.                   Бояд қайд кард, ки барнома ва сурудҳои он асрҳои 19 ва 20-ро дар бар гирифта, бо зарби доира аз ҷониби гурўҳи ҳофизону рақоссаҳо иҷро карда мешавад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ансамбли фолклорию этнографии ҳунарии «Мавриги»-и шаҳри Бухоро бори аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.                   Дар барнома ҳама сурудҳо ба забони тоҷикӣ садо дода, ҳамзамон дар рафти консерт дар шаҳри Душанбе китоби «Мавригӣ»-и ба нота даровардаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов муаррифӣ мегардад. Зеро ансамбли номбурда бештари сурудҳоро аз ин китоб истифода кардааст.                   Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Июнь 23, 2009 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд