АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБҲОИ ИРТИҶОӢ ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

Июнь 5, 2009 15:58

                    Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 6 июни соли равон дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар мавзӯи «Баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» бо донишҷӯён вохӯрӣ барпо мегардад.                    Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он намояндагони Кумитаи мазкур, Вазоратҳои фарҳанг, маорифи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва кормандони сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии пойтахт иштирок хоҳанд кард.  

Июнь 5, 2009 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд