АЗ ТОҶИКОНИ ИРКУТСК БА ХУРОСОН КӮМАК РАСИД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ба зарардидагони офати табиии ноҳияи Хуросон кӯмак карданд. Намояндаи ин ҷамъият Эргаш Маҳмадбеков ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тоҷиконе, ки дар ин вилояти Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд худро ҳаргиз аз комёбиву нокомиҳои мардуми Тоҷикистон канор намегиранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ба зарардидагони ноҳияи Хуросон аз ҳисоби маблағҳои ҷамъият кӯмак расонида шавад. «Мо тасмим дорем, ки то моҳи оянда аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар ба мардуми аз офатҳои табиӣ хисоротдидаи Тоҷикистон мадад расонем», — тазаккур дод Э. Маҳмадбеков. Ёдовар мешавем, ки бар асари борони шадид ва обхезиҳо дар давоми моҳҳои май-июн 229 хонаи истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон хароб ва 341 оиларо пурра аз сарпаноҳ маҳрум гашта буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






