БАРҚ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ИСТИФОДА КАРДА ШУДААСТ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, новобаста аз вазъи душвори соҳаи барқтаъминкунӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сариштакории барқ истифодаи он дар шаҳр 189 млн. кВт соат зиёд гардидааст. Истеҳсолот бошад баръакс коҳиш ёфтааст. Коҳишёбии истеҳсолот асосан аз ҳисоби КВД «Тоҷиксемент», ҶММ «Хиштрез», «Тоҷикистон» ва ҶС «Комбинати масолеҳи сохтмонӣ» ба миён омадааст. Дар 5 моҳ талафоти барқ дар Душанбе ба 21,6 фоиз расидааст. Талафоти барқ соли 2008 дар ин муддат ҳамагӣ 18,5 фоизро ташкил дода буд. Дар давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 5 корхонаи нави саноатӣ бо ҷалби сармояи ватанӣ мавриди истифода қарор ёфт.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






