БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАЙВАНДОНИ С. БОҚИЕВА
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону дӯстони Суфро Боқиева барқияи тасаллият фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бо эҳсоси дарду андӯҳ иттилоъ ёфтам, ки фарзанди барӯманди Тоҷикистон, яке аз занони номбардори кишвар- Суфро-апа Боқиева дунёи фониро падруд гуфтааст.Марҳума нафаре буд, ки ин ҳамаи обрӯву эътибор ва бахти худро аз заҳмати ҳалолу хислатҳои беҳтарини инсонӣ дарёфт карда буд ва месазад, ки насли ҷавони кишвар аз чунин пирони кор дарси ибрат омӯзанд. Ҳамдардии амиқи худро ба ҳамаи наздикону дӯстон ва тамоми мардуми сарбаланди Исфара иброз медорам. Худованди мутаол марҳумаро ғариқаи раҳмат ва ҷояшонро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






