БАРӮЙХАТГИРИИ АХОЛӢ

Июнь 23, 2009 14:19

                  Суғд, 23 июн. (АМИТ«Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Соли 2010 дар мамлакат барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мешавад.                   Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар мамлакат бо сабабҳои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳо дар ҳолати демографӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, болоравии муҳоҷирати дохилӣ ва берунии аҳолӣ, ба миён омадани проблемаҳои манзилии аҳолӣ гузаронда мешавад.                    Дар ҳамин асос дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давраи тайёрӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷараён дорад ва бо ин мақсад 368 ҳазору 471 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.                   Дар ҷаласаи комиссияи мусоидат, вазъи корҳои омодагӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардид.                  Дар ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ширкат варзида, корҳои омодагиро ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таъкид дошт, ки корҳо дар ин самт бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Июнь 23, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид