БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Июнь 4, 2009 10:39

                  Маскав, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 5 июн дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти навбатии байналхалқии иқтисодӣ кушода мешавад. Масъалаи асосии рӯзномаи он муҳокимаи проблемаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодии давлатҳои ИДМ мебошад. Дар он зиёда аз 200 мутахассис аз ҳамаи мамлакатҳои ИДМ иштирок хоҳанд кард. Мулоқот таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамоҳангсози миллии Русия дар масъалаҳои ИДМ Игор Шувалов баргузор мегардад. Дар муҳокимаи проблемаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат хоҳад кард.                 Иштирокчиёни мулоқот ба масъалаҳои вобаста ба афзун гардондани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои ИДМ, ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои марҳалаи аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодиёти ИДМ дар давоми солҳои 2009-2011, табдирҳои муштараки бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияи навтарин ва ғайра диққати махсус хоҳанд дод.                  Ба қавли С. Лебедев, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тӯли солҳои гузашта дар бобати муқаррар намудани муносибатҳои нави байнидавлатӣ таҷрибаи калон ба даст овардааст. Ин таҷриба сол то сол ғанитар мегардад. С. Лебедев қайд намуд, ки нерӯю имкониятҳои саноатии давлатҳои ИДМ ҳанӯз пурра истифода намешаванд. Мо бояд пеш аз ҳама соҳаҳоеро тараққӣ диҳем, ки дар онҳо истифодаи технологияҳои олӣ самараи дилхоҳ дода метавонанд. Вақтҳои охир фаҳмиши зарурати якҷоя такмил додан ва истифода бурдани имкониятҳои соҳаҳои ёрирасони нақлиёт ва тарнзити мол бештар мушоҳида карда мешавад.                 С Лебедев зикр намуд, ки дар шароити имрӯза муносибатҳои тиҷоратии мамлакатҳои ИДМ бояд ба бартараф сохтани монеаҳои сунъӣ равона карда шавад. Дар ин маврид мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва ба хориҷи мамлакатҳо баровардани он аҳамияти калон пайдо мекунад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот намояндагони баландпояи давлатҳои ИДМ ва тоҷирону соҳибкорон иштирок менамоянд.                                                                                                                      Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 4, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд