БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТУРИЗМИ ИДМ ДАР ШАРОИТИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ-ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия ҷаласаи Шӯрои туризми кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор мегардад, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов иштирок мекунад. Аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба рушди туризми кишварҳои ИДМ дар шароити бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ва омода намудани мутахассисони соҳа дар давлатҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Гуфтанист, ки Маликшо Неъматов дар доираи ин сафараш ба Минск бо донишҷӯён ва ҷамъияти тоҷикони Белоруссия мулоқот хоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






