БЕЛОРУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН КЎМАКИ ХАЙРИЯ МЕРАСОНАД

Июнь 19, 2009 14:41

                    Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Ҳукумати Ҷумҳурии Белорусия ба қарибӣ дар бораи расондани кӯмак ба Тоҷикистон вобаста ба боришоти тӯлонии аввали фасли баҳори имсола ва бартараф сохтани зарари онҳо қарор қабул карда буд. Кӯмаки хайрияи ин мамлакат бо ҳавопаймои махсуси нақлиётӣ баъди чошти имрӯз ба Душанбе оварда мешавад. Кӯмаки хайрияи Белорусия аз кампалҳои гарм, консерваҳои гӯшт, ширқиём, шакар, собун ва ғайра иборат аст.                    Вазоратҳои вазъияти фавқулодда ва корҳои хориҷии Белорусия хароҷоти интиқоли кӯмаки хайрияро ба зимма гирифтаанд. Кӯмаки хайрияро намояндагони Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул хоҳанд кард.

Июнь 19, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд