БОРИШИ БОРОН ДУ РЎЗ ДАВОМ МЕКУНАД

Июнь 1, 2009 15:52

                         Душанбе 1 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бориши борон ва раъду барқ дар саросари ҷумҳурӣ то 3 июн давом мекунад. Ҳавосанҷҳо пешгӯӣ менамоянд, ки 4 июн дар мамлакат ҳаво софу беғубор ва беабр хоҳад шуд. Тӯли ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 22 то 27 дараҷа ва дар қисмати ҷанубии мамлакат то 30 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 5 ва 6 июн боридани боронҳои кӯтоҳмуддат имконпазир мебошад.                        Сардори Агентии ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки умуман ҳавои моҳи июн нисбатан гарм буда, ҳарорати он дар ҳадди эътидол мебошад.                        Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми бориши борон моҳи апрел ва аввали моҳи май дар қисмати зиёди қаламрави Тоҷикистон аз меъёри муқаррарӣ 1-1,5 баробар зиёд буд.  

Июнь 1, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд