БУЗУРГДОШТИ ХУМАЙНӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба 20-умин солгарди даргузашти Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Имом Хумайнӣ дар маркази фарҳангии «Ориёно»-и Душанбе маросими бузургдошти ин шахсияти бузурги сиёсӣ доир шуд.Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст зимни саханронии худ доир ба нақш ва таълимоти ин шахсият ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки нақши Имом Хумайнӣ дар бозгашти инсон ба ҳувияту худшиносии миллӣ эҳёи арзишҳои илоҳию ахлоқӣ ва таваҷҷӯҳи инсон ба тавонмандиҳои худ беназир аст. Ҳамчунин зикр шуд, ки Имом Хумайнӣ эҳёгари бузурги маънавият ва инсонгароӣ дар садаи бист шинохта шуда, дар асоси ақидаҳо ва таълимоти ӯ мардум ба мубориза бархоста режими 2500-солагии шоҳаншоҳиро дар Эрон барҳам доданд. Ва имрӯз ин давлат ба ҳайси яке аз кишварҳои қудратманди минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад. Дар маросими бузургдошти даргузашти ин шахсияти шинохтаи сиёсӣ ҳамчунин китоби нависандаи эронӣ Ҳамидаи Ҳоирипур «Даре аз ҷаҳони ғайб», ки аз ҷониби муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ аз форсӣ ба кириллӣ баргардонида шудааст, муаррифӣ гардид. Дар китоб Паёми таърихии Имом Хумайнӣ ва насиҳатҳои падаронаи ӯ ба нахустин ва охирин Президенти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ — Михаил Горбачёв, ки 1 январи соли 1989 фиристонида шуда буд, ҷой дода шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






