ЧИПТАИ КОНСЕРТИ МУИН ЧАНД СОМОНӢ АСТ?

Июнь 15, 2009 10:26

                 Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нархи чиптаи консерти сарояндаи машҳури Шарқ — Муин чанд сомонӣ аст? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба директори Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт Абдураҳмон Ҳалимов муроҷиат кард. Мавсуф дар посух гуфт, ки нархи чиптаҳо барои консерти ҳунарманди шинохтаи эронӣ — Муин аз ҷониби сарпарастоне, ки Муинро бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон даъват намудаанд, муайян карда шудааст ва он тавассути кассаҳои «Кохи Борбад» фурӯхта мешаванд. Нархи чипта барои қатори 1-ум то 18-ум 200-сомонӣ, барои ду қисмати қаторҳои зикршуда 150 сомонӣ ва аз қатори 18 то қатори охирин 100 сомониро ташкил медиҳад. «Кохи Борбад» дорои 1917 ҷойи нишаст буда, шахсоне, ки дар он консерт баргузор менамоянд бо гирифтани иҷозатномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ бояд 20 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Кох супоранд. Назар ба иттилои Абдураҳмон Ҳалимов алҳол тамоми чиптаҳои рӯзи аввали консерт фурӯхта шудаанд.                  Бояд тазаккур дод, ки консерти ҳунарманди шинохати эронӣ -Муин, ки дар байни мардуми тоҷик маҳубубияти бузург дорад, рӯзҳои 20-21-уми июни соли равон таҳти унвони «Ин чӣ ишқест…» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор мегардад. Сафари нахустини ҳунарии сарояндаи маъруф Муин ба Тоҷикистон бо ибтикори соҳибкори инфиродӣ Марҳабо Азизова сурат гирифта, сарпарасти консерт ширкати алоқаи мобилии «Индиго Тоҷикистон» ва сарпарасти иттилоотии он радиои «Имрӯз» аст.

Июнь 15, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд