ДАНДОНПИЗИШКОН БАҲОИ БАЛАНД ГИРИФТАНД
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин съезди духтурони дандонпизишкӣ (стоматологҳо) баргузор гардид. Дар кори съезд беш аз 500 намояндагони соҳа ширкат варзиданд. Бино ба гуфти котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ Фотима Яқубова, дар давоми 2 рӯзи кори съезд масъалаҳои муҳимтарини афзалиятдоштаи дандонпзишкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маврди муҳокима қарор ёфт. Дар кори съезд олимони шинохтаи соҳа аз давлатҳои Италия, Германия, Полша, Украина, Федератсияи Россия ва дигар шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд. Дар чаҳорчӯбаи баргузории съезд намоишгоҳи дуюми байналмилалии тахассусии дандонпзишкӣ баргузор шуд, ки дар он санъати баланди ороиши дандон аз металл ва дигар маводҳои дандонсозӣ намош дода шуд. Кори съездро ширкатҳои «Colgate», ҶММ«Sino farma» ва «medical inctrument Go. Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузорӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






