ДАР ҶАҲОН ТЕЪДОДИ ЗИЁДИ БАЧАГОН БАРОИ ИҶРОИ КОРҲОИ ВАЗНИН ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Июнь 13, 2009 10:26

                  Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Созмони байналхалқии меҳнат ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии пешгирии меҳнати вазнини бачагон маърӯза интишор дод. Дар он гуфта мешавад, ки имрӯз дар мамлакатҳои ҷаҳон зиёда аз 100 миллион духтари хурдсол барои иҷрои корҳои вазнин истифода бурда мешавад. Духтаронро калонсолон, аз ҷумла ҷинояткорон барои ба даст овардани маблағ ва ҳадафҳои дигари худ мехаранду мефурӯшанд.                 Дар маърӯза омадааст, ки бачагони хурдсол корҳои вазнинро иҷро карда, ба маҳрумиятҳои гуногун дучор мегарданд. Бо ҳамин сабаб онҳо аз таҳсил маҳрум мегарданд. Корҳои вазнин ба саломатии бачагон низ таъсири манфӣ мерасонад. Имрӯз дар ҷаҳон бештар аз 250 миллион писару духтари хурдсол ба иҷрои корҳои вазнин маҷбур карда мешавад. Онҳо дар корхонаҳои саноатӣ, конҳо, фермаҳо ва киштзор кор мекунанд. Як қисми бачагон дар ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона ҳамчун аскар истифода бурда мешаванд.                 Созмони байналхалқии меҳнат бо вуҷуди мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтани бӯҳрони шадиди молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳуқуқи бачагон дар ҳама ҷо ҳифз карда шавад.

Июнь 13, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд