ДАР ДУШАНБЕ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ПОЙТАХТ КУШОДА ШУД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Турсунзода Маркази хизматрасонии пойтахт кушода шуд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони марказ моҳи декабри соли 2007 шурӯъ гардида буд. Сохтмони он дар давоми 14 моҳ ба охир расид. Дар ошёнаҳои якуму дуюми марказ мағозаҳои гуногун ҷой дода шудаанд, ҳуҷраҳои ошёнаҳои 3, 4 ва 5-ум ба иҷора дода мешаванд. Дар таҳхонаи бино ресторан ҷой гирифтааст. Дар боми он боз як ресторани зимистона ва ду ресторани тобистона бунёд карда шудаанд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазору 242 метри мураббаъ мебошад. Барои сохтмони он 22 миллион сомонӣ сарф шуд. Аз ин маблағ 5 миллион сомонӣ барои харидани асбобу анҷом ва таҷҳизоти зарурӣ сарф карда шуд. Дар сохтмони бинои марказ 200 нафар коргар кор мекард. Баъди пурра ба истифода додани марказ 600 нафар бо кор таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки маркази мазкур бо маблағи соҳибкорону тоҷирон сохта шудааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






