ДАР ДУШАНБЕ СМТҲ СОЗМОН ДОДА ШУД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе таҳти васояти Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон таъсис дода шуд. «Ҳадафи асосии созмони мазкур дастгирии соҳибкорону тоҷирони Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои онҳо, ҷалби сармоягузорони ҳинд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, табодули мол ва дар заминаи он пешрафти тиҷорат байни Тоҷикистону Ҳиндустон аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Роҳбари Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Наҷиб Ашраф. Мавсуф афзуд, ки Созмони мазкур ба Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавсияҳо медиҳад. Инчунин, Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Сафорати ин кишвар дар Душанбе бо роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдою саноати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи кишварамон ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи шароиту имкониятҳои рушди тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ менамоянд. Аъзои Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон аз намояндагони меҳмонхонаҳо, муассисаҳои дигари хизматрасонӣ, сохтмон, дорусозӣ, техникӣ ва дигар соҳаҳо иборат аст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






