ДАР ХОРУҒ МАРКАЗИ МАДАНИЮ МАИШӢ МЕСОЗАНД
Хоруғ, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Хурсандибахш аст, ки солҳои охир буҷаи мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ зиёд шуда, дар самти дастгирӣ ва хизматрасонии мардум корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. Дар баробари ин, сокинони маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ 4 сол қабл бо қувваи аҳли ҷамоатчигӣ майдони варзишӣ бунёд карданд, ки имрӯз аз он ҷавонон ба таври мунтазам истифода мекунанд. Айни ҳол, аз ҳисоби маблағҳои сокинони шаҳри Хоруғ бинои дуошёнаи Маркази маданию маишӣ оғоз гардидааст. Тибқи лоиҳа ин бино аз утоқҳои замонавии тиббӣ, сехҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, толор барои гузаронидани чорабиниҳои муҳим ва синфхонаи компютерӣ иборат аст. Ин марказ соли 2010 дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






