ДАР ХОРУҒ МАРКАЗИ МАДАНИЮ МАИШӢ МЕСОЗАНД

Июнь 18, 2009 16:46

                      Хоруғ, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Хурсандибахш аст, ки солҳои охир буҷаи мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ зиёд шуда, дар самти дастгирӣ ва хизматрасонии мардум корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.                       Дар баробари ин, сокинони маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ 4 сол қабл бо қувваи аҳли ҷамоатчигӣ майдони варзишӣ бунёд карданд, ки имрӯз аз он ҷавонон ба таври мунтазам истифода мекунанд. Айни ҳол, аз ҳисоби маблағҳои сокинони шаҳри Хоруғ бинои дуошёнаи Маркази маданию маишӣ оғоз гардидааст. Тибқи лоиҳа ин бино аз утоқҳои замонавии тиббӣ, сехҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, толор барои гузаронидани чорабиниҳои муҳим ва синфхонаи компютерӣ иборат аст. Ин марказ соли 2010 дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд.  

Июнь 18, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид