ДАР ХУҶАНД ПУЛИ «ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» ИФТИТОҲ ЁФТ

Июнь 23, 2009 11:43

                      Пули нави 427 метраи назди шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пули "Ваҳдати миллӣ" номгузорӣ карда мешавад.Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва бунёдкорию созандагӣ бо шодию сурур ва дилхушиҳои аҳли ҷамоа истиқбол гирифтанд.                     Ифтитоҳи пули азими 427 — метра, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бунёд ёфтааст, аз тантанаҳои нахустини идона дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ гашт.                    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ин пули азимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо ва тунелҳо, ки дар тамоми гӯшаю канорӣ мамлакат бо суръат ва сифати баланд идома дорад, рӯз ба рӯз ба марраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мешавад.                    Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони ин пул дар болои дарёи Сир аз ҷониби Ширкати сохтмони ро? ва пул?ои ?ум?урии Мардумии Чин (Чайна Роуд) мо?и сентябри соли 2007 о?оз ёфта буд.                    Бари умумии кӯпрук 10 метр ва ?исми мошингардаш — 8 метр буда, аз ду тараф ба андозаи 1 метрӣ роҳи пиёдагард дорад.                      Пули мазкур яке аз 15 кӯпрук?оест, ки мутоби?и лои?аи та?диди ро?и автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар қитъаи №4 бо харҷи 14,7 млн. доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ пешниҳод намуд, ки пули мазкур пули Ваҳдати миллӣ номгузорӣ карда шавад.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 23, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд