ДАР ПОЙТАХТ БАРНОМАИ БАРЎЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ШУРЎЪ МЕШАВАД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мувофиқи барномаи тадбирҳои тайёрӣ ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва баҳисобгирии фонди манзил аз 12 августи соли равон сар карда ҳамаи биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии пойтахти мамлакат ба қайд гирифта мешаванд. Директори Кумитаи омори шаҳри Душанбе Асомиддин Насриддинов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо ин мақсад дар рӯзҳои наздик дар Кумитаи омор семинарии омӯзишӣ барои онҳое, ки дар ин ҷорабинӣ иштирок мекунанд баргузор мегардад. Ў қайд намуд, ки айни ҳол нақшаи пешакӣ омода гардида, номи кӯчаҳо, хиёбонҳо ва рақами биноҳо ба тартиб оварда шудаанд. Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ дар пойтахт 631 куча, гузаргоҳ ва хиёбон мавҷуд аст. Дар ин кӯчаҳо қариб 35 ҳазор биноҳои давлатӣ ва хонаҳои шахсӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 707,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






