ДАР ПОЙТАХТ БИНОҲОИ НАВИ ЗАМОНАВӢ
Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 2 июн дар шаҳри Душанбе бинои нави мактаб барои 640 ҷои нишаст воқеъ дар шаҳраки Лучоб, бинои 9 ошёна дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази муосири хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ба истифода дода мешаванд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар маросими ба истифода супоридани ин иншоотҳои муҳим намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт иштирок менамоянд. Дар робита, пагоҳ 2 июн аз соати 7 то соати 10 -субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода то чорроҳаҳои кӯчаҳои ба номи Фотеҳ Ниёзӣ ва Шириншо Шотемур баста мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






