ДАР ШАҲР ИСТГОҲҲОИ БАЛАНДОШЁНА МЕСОЗАНД

Июнь 24, 2009 10:23

                Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар машварати назорати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои рӯзмарраи шаҳр мавриди муҳокима қарор дода шуданд.                 Шаҳрдорӣ диққати роҳбарони ноҳияхоро ба масъалаи ҷавобҳои саривақтӣ ба арзу шикоятҳои сокинони шаҳр ҷалб намуд. Раиси шаҳр баҳри ба ҷавобгарӣ кашидани қонунвайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷиҳати санитарии шаҳр ба Раёсати шаҳрии корхои дохилӣ супориши катъӣ дод.                 Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ҳаракати бехатари мошинҳои хизмати наҷотдиҳӣ таъкид намуд, ки дар сурати дар ҷойҳои муайяннашуда нигоҳ доштани нақлиёти шахсӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Бо назардошти ин ба роҳбарони ноҳияҳои тобеи шаҳр супориш дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт якчанд истгоҳи мошинҳои сабукрав, аз ҷумла бисёрошёна сохта шавад.  

Июнь 24, 2009 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид