ДАР ШАҲР ИСТГОҲҲОИ БАЛАНДОШЁНА МЕСОЗАНД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар машварати назорати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои рӯзмарраи шаҳр мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Шаҳрдорӣ диққати роҳбарони ноҳияхоро ба масъалаи ҷавобҳои саривақтӣ ба арзу шикоятҳои сокинони шаҳр ҷалб намуд. Раиси шаҳр баҳри ба ҷавобгарӣ кашидани қонунвайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷиҳати санитарии шаҳр ба Раёсати шаҳрии корхои дохилӣ супориши катъӣ дод. Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ҳаракати бехатари мошинҳои хизмати наҷотдиҳӣ таъкид намуд, ки дар сурати дар ҷойҳои муайяннашуда нигоҳ доштани нақлиёти шахсӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Бо назардошти ин ба роҳбарони ноҳияҳои тобеи шаҳр супориш дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт якчанд истгоҳи мошинҳои сабукрав, аз ҷумла бисёрошёна сохта шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






