ДАВРАИ ТАБЛИҒОТИИ ИНТИХОБОТӢ ДАР АФҒОНИСТОН ОҒОЗ ЁФТ

Июнь 17, 2009 15:37

                Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 июн маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин кишвар ба таври расмӣ оғоз ёфт. Назар ба иттилои атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулҳақи Ориёнфар, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба интихоботи президентӣ, ки 20 август баргузор мешавад, 41 номзадро ба мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар сабти ном намуд. Ин шумора дар қиёс ба теъдоди номзадҳо дар нахустин интихоботи президентии Афғонистон соли 2004 ду маротиба зиёд буда, барои Афғонистон нишондоди рекордист.                 Дар байни номзадҳо ба мақоми Президенти Афғонистон шахсиятҳои шинохтаи ин кишвар, аз ҷумла Президенти феълии Афғонистон Ҳомиди Карзай, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдуллоҳ, собиқ вазири молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири давлатии барномасозии Афғонистон /Госплан/ Рамазон Башардӯст ва дигарон мебошанд. Инчунин, дар феҳристи номзадҳо ду нафар зан ба мансаби президентӣ номнавис гардидааст, ки онҳо Шаҳло Ато ва Фурӯзон Фано аст. Инчунин, ду номазад Акбарбой ва Ҷаъфари Кӯҳӣ ба салоҳияти номзадӣ мушарраф нагаштанд.                 Шамсулҳақи Ориёнфар гуфт, ки алҳол дар мавриди он, ки чанд миллион нафар аҳолии Афғонистон дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, райъ медиҳанд, омори мушаххас вуҷуд надорад. Дар назар аст, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин кишвар намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ наззора мекунанд.                Бояд тазаккур дод, ки ин дуюмин интихоботи президентӣ дар Афғонистон буда, дар ин кишвар Президент ба мӯҳлати чор сол интихоб мегардад. Тибқи Қонуни асосии ин кишвар интихоботи президентӣ мебоист моҳи майи соли равон баргузор мешуд, аммо бо сабабҳои ноамнӣ он ба охири моҳи август ба таъхир гузошта шуд.

Июнь 17, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд