ДАВРАИ ТАБЛИҒОТИИ ИНТИХОБОТӢ ДАР АФҒОНИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 17 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 июн маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ин кишвар ба таври расмӣ оғоз ёфт. Назар ба иттилои атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулҳақи Ориёнфар, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон ба интихоботи президентӣ, ки 20 август баргузор мешавад, 41 номзадро ба мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар сабти ном намуд. Ин шумора дар қиёс ба теъдоди номзадҳо дар нахустин интихоботи президентии Афғонистон соли 2004 ду маротиба зиёд буда, барои Афғонистон нишондоди рекордист. Дар байни номзадҳо ба мақоми Президенти Афғонистон шахсиятҳои шинохтаи ин кишвар, аз ҷумла Президенти феълии Афғонистон Ҳомиди Карзай, собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдуллоҳ, собиқ вазири молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири давлатии барномасозии Афғонистон /Госплан/ Рамазон Башардӯст ва дигарон мебошанд. Инчунин, дар феҳристи номзадҳо ду нафар зан ба мансаби президентӣ номнавис гардидааст, ки онҳо Шаҳло Ато ва Фурӯзон Фано аст. Инчунин, ду номазад Акбарбой ва Ҷаъфари Кӯҳӣ ба салоҳияти номзадӣ мушарраф нагаштанд. Шамсулҳақи Ориёнфар гуфт, ки алҳол дар мавриди он, ки чанд миллион нафар аҳолии Афғонистон дар интихоботи президентӣ иштирок намуда, райъ медиҳанд, омори мушаххас вуҷуд надорад. Дар назар аст, ки ҷараёни баргузории интихоботи президентиро дар ин кишвар намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ наззора мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки ин дуюмин интихоботи президентӣ дар Афғонистон буда, дар ин кишвар Президент ба мӯҳлати чор сол интихоб мегардад. Тибқи Қонуни асосии ин кишвар интихоботи президентӣ мебоист моҳи майи соли равон баргузор мешуд, аммо бо сабабҳои ноамнӣ он ба охири моҳи август ба таъхир гузошта шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






