ДОИРАИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ВАСЕЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Доираи пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» торафт васеъ мегардад. Муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Хабибов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба наздикӣ дар маркази шаҳри Хоруғ бунгоҳи пахшкунандаи мавҷҳои телевизионии (фиристанда) иқтидораш 200 ватт дар канали 12-уми телевизиони вилоятӣ насб карда, ба истифода дода шуд. Имрӯз 80% — и сокиноми шаҳри Хоруғ барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо карда метавонанд. Хуршед Ҳабибов зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар Хоруғ боз 2 фиристандаи пуриқтидор насб карда мешавад. Дар ин маврид ҳамаи сокинони маркази ВМКБ барномахои шабакаи мазкурро тамошо хоҳанд кард. Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ҶСК «Телерадиоком» ягона операторест, ки воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифиро барои пахш намудани барномаҳои радиою телевизион дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра ба ӯҳда дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи мутавассит қудрати пахши барномаҳои радиоиро ба самти Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад. Охири соли 2008 ҷиҳати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» каналҳои интиқолкунанда ба воситаи хатҳои радиорелеӣ то вилоятҳои Хатлон ва Суғд насб карда шуда буданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






