ДОЛЛАР БОЗ ЯК СОМОНӢ АРЗОН ШУД

Июнь 17, 2009 10:21

              Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон, 16 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 — 4,44 сомонӣ барои 1 доллари ИМА, 1,42 — 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,07 — 6,12 сомонӣ барои 1 евро қарор гирифт.              Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ амалиётҳо бо доллари ИМА ва рубли русӣ фаъолтар гардида, қурби миёнаи 1 доллар 4,43 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,45 сомонӣ ва 1 евро 6,13 сомониро ташкил дод.  

Июнь 17, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд