ДОЛЛАР БОЗ ЯК СОМОНӢ АРЗОН ШУД
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон, 16 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 — 4,44 сомонӣ барои 1 доллари ИМА, 1,42 — 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,07 — 6,12 сомонӣ барои 1 евро қарор гирифт. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ амалиётҳо бо доллари ИМА ва рубли русӣ фаъолтар гардида, қурби миёнаи 1 доллар 4,43 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,45 сомонӣ ва 1 евро 6,13 сомониро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






