ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК АЗ МИСР ХОРИҶ КАРДА МЕШАВАНД

Июнь 6, 2009 11:24

                    Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Мақомоти муҳофизи қонуни Миср дар бораи аз мамлакат рондани 5 донишҷӯи Тоҷикистон қарор қабул намуданд. Аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик Шавкат Кимсанов ва Хуршед Эрматов, ки сокинони ноҳияи Турсунзода мебошанд, ба рафтору ахлоқи ғайридинӣ гунаҳкор карда мешаванд. Фаридун Гулов, Идибек Зиёвиддин ва Аъламшо Шарифов барои риоя накардани қоидаҳои буду бош дар Миср аз ин мамлакат ронда хоҳанд шуд.                   Ҳамаи донишҷӯёни зикршуда дар консулхонаи Тоҷикистон дар Миср ба қайд гирифта нашудаанд. Хабар дода мешавад, ки мақомоти амниятии Миср шаби 28 май дар маҳалли истиқомати донишҷӯёни хориҷӣ тафтиш гузаронида, шумораи хеле зиёди шаҳрвандони ИДМ, аз ҷумла 15 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда буданд. Қисми зиёди онҳо донишҷӯ буда, асосан дар Донишгоҳи Алазҳор таҳсил мекунанд.                   Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Араби Миср аз рӯзҳои аввали дастгир шудани донишҷӯён бо мақомоти дахлдори Қоҳира ҳамеша дар тамос буданд. Рӯзи якум шаш нафар ва рӯзи дигар чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳабсхона ҷавоб дода шуданд. Бояд гуфт, ки ҳамаи донишҷӯёни дастгиршуда аз ҳисоби худ барои таҳсил ба Миср рафтаанд.                   Мақомоти муҳофизи қонуни Миср аз сафоратхонаи Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки барои ба ватан фиристодани шахсони дастгиршуда кӯмак расонанд. Сафоратхонаи Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар мавриди пардохтани хароҷоти роҳи донишҷӯён аз ҳисоби падару модаронашон тайёр аст, масъалаҳои дигари марбут ба фиристодани онҳоро ба ватан ҳал кунад.

Июнь 6, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд